ҷӯш

ҷӯш
I
[جوش]
асоси замони ҳозира аз ҷӯшидан
II
[جوش]
1. ҷӯшидани об ва моеоти дигар бо таъсири оташ, ҳар чизи гарм ва тафсон; оби ҷӯш; дар ҷӯш будан дар ҳолати ҷӯшиш будан, ҷӯшида истодан
2. хурӯш, туғён, шӯр, ғалаён; ҷангу ҷӯш ҷанг дар ҳолати ғалаёни ҳиссиёт; ҷангу ҷӯшу ғавғо ғалаён, талотум
3. маҷ. ғазаб, қаҳр, хашм
4. маҷ. гармогармӣ, тафс, авҷ; дар вақти ҷӯши кор; ҷӯшу хурӯш а) шӯру ғавғо; б) шавқу ҳаяҷон; в) гармогармӣ, авҷ, равнақ; ҷӯш задан а) фаввора задан, ҷӯшида баромадан; б) туғён кардан, бо туғён ҷорӣ шудан; дар ҷӯш будани дарё; в) ба ҳаяҷон омадан; г) авҷ кардан, дар равнақ будан; аз ҷӯш мондан а) аз ҷӯшидан мондан, хунук шудан; б) аз авҷ фаромадан, гармиашро гум кардан; ба ҷӯш даромадан ба ҷунбишу ҳаракат омадан; ба ҷӯш овардан ба ҷӯшиш даровардан, ба шӯру ҳаяҷон овардан; ба ҷӯш омадан а) ҷӯшидан, ҷӯшиш кардан, туғён кардан; б) ба шӯру ҳаяҷон омадан; ба ҷӯшу хурӯш овардан ба ҷунбишу ҳаяҷон даровардан, ба шавқу завқ даровардан
III
[جوش]
пайвастан (ду филизро ба воситаи ҷӯшдиҳӣ); ҷӯш додан ба ҳам пайвастани ду чизи филизӣ, кафшер кардан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно сделать НИР?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»